LIVE

Мбаппе бори дуюм паиҳам дар Ла Лига бозигари моҳ интихоб шуд

Ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе беҳтарин бозигари моҳи октябр дар Ла Лига интихоб шуд. Дар ин хусус сомонаи  расмии мусобиқа хабар медиҳад.
Ин моҳ, бозигари тими миллии Фаронса дар се бозии Ла Лига ширкат варзида, се гол ва як паси голӣ анҷом дод.
Мбаппе инчунин беҳтарин бозигари моҳи сентябр дар мусобиқа интихоб шуд. Он вақт ҳамлагари “Реал Мадрид” чор бозӣ карда, панҷ гол ва як партофти голӣ ба омор гирифта буд.
Шартномаи феълии бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 мӯҳлат дошта, тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Мбаппе 180 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив