LIVE

Мбаппе дар “Реал Мадрид” омори беҳтар аз Роналду нишон дод

Ҳамлагари дастаи “Реал”-и Мадрид Килиан Мбаппе дар бозии даври 34-уми Ла Лига бар муқобили “Селта” (3:2) муаллифи ду гол гардид. Ҳамин тариқ, бозигари фаронсавӣ голҳои 35 ва 36-уми худро дар мавсими аввалинаш дар ҳайати «Лос Бланкос» ба самар расонид. Ҳамчунин Мбаппе муаллифи панҷ партофти голӣ мебошад.
Испания - Примера. Даври 34-ум
04 майи соли 2025, якшанбе. 17:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид) 3:2 “Селта” (Виго)
1:0 Гулер – 33'     2:0 Мбаппе – 39’     3:0 Мбаппе – 48’     3:1 Родригес – 69’     3:2 Сведберг
Аз рӯи шумораи голҳо Мбаппе аз собиқ ҳамлагари дастаи «Реал Мадрид» Криштиану Роналду пеш гузашт. Бозигари португалӣ дар мавсими 2009/2010 муаллифи 33 гол ва 8 партофти головар шуда буд.
Қобили зикр аст, ки барои расидан ба нишони 41 гол ба ҳамлавари мунтахаби Португалия 35 бозӣ лозим шуда буд, дар ҳоле ки бозигари фаронсавӣ аллакай дар бозии 52-юмаш   рекорди Роналдуро нав кард.
Килиан Мбаппе баъди гузариш аз сафи “ПСЖ” аз соли 2024 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Криштиану Роналду бошад аз соли 2009 то 2018 дар тими "Лос-Бланкос" баромад мекард. Айни ҳол бозигари португалӣ дар тими "Ал-Наср" аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив