Ҳамлавари «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе баъди гирифтани корти сурх дар бозии даври 31-уми Ла-лигаи Испания зидди «Алавес» бо ҳисоби 1:0 дар як бозӣ ширкат карда наметавонад, дар ин бора журналисти COPE Исаак Футо иттилоъ медиҳад.
Испания - Примера. Даври 31-ум
13-уми апрели соли 2025, якшанбе. 19:15 ДШБ
“Алавес” (Витория) 0:1 “Реал Мадрид” (Мадрид)
0:1 Камавинга – 34'
Корти сурх: Санчес – 70' / Мбаппе – 38'
Дар дақиқаи 38-уми дидор бозигари фаронсавӣ дар маркази майдон муқобили Антонио Бланко бозии дағал анҷом дода, ҳангоми мубориза барои тӯб ба пояи ҳариф зарба зад. Довар Сезар Сото Градо аввал корти зард нишон дод, аммо пас аз баррасии наворҳои VAR онро ба корти сурх иваз кард.
Ба иттилои манбаъ, Мбаппе ба мӯҳлати як бозӣ аз ҳаққи ширкат дар рақобатҳо маҳрум мешавад - ӯ дар бозии даври 32-юми Ла Лига бо "Атлетик" иштирок намекунад.
Килиан ин мавсим дар ҳайати дастаи шаҳри Мадрид дар 47 бозӣ муаллифи 32 гол ва 4 партофти голӣ шудааст.