LIVE

Килиан Мбаппе бозигари «Реал Мадрид» гардид - Фабрисио Романо

Ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе чун футболбози озод ба сафи «Лос Бланкос»   пайваст ва бозигари «Реал Мадрид» гардид. Дар ин бора рӯзноманигори маъруфи итолиявӣ Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ,   ҷонибҳо аз рӯи кулли  ҷузъиёти шартнома ба мувофиқа расида, қарордоди корӣ аллакай ба имзо расидааст. Эълони расмӣ оиди ин қарор ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки Мбаппе бо «Реал Мадрид» то соли 2029 шартнома имзо кардааст. 
Зимнан зикр гардид, ки чанде қабл президенти бошгоҳи “Реал Мадрид” Флорентино Перес ба ситоди мураббиёни Карло Анчелотти хабар дода буд, ки Мбаппе бозигари нави «Реал Мадрид» мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив