LIVE

«ПСЖ» ва «Реал» ахиран дар мавриди гузариши Мбаппе ба мувофиқа расидаанд

Бошгоҳи фаронсавии «ПСЖ» ва «Реал»-и Мадрид оиди гузариши ҳамлавари 24-солаи парижиҳо Килиан Мбаппе дар мавсими оянда ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора Sport.fr хабар медиҳад.
Ба маълумоти сарчашма «ПСЖ» метавонад ҷубронпулиҳо ва иловапулиҳои муайянро аз барои Мбаппе ба даст орад. Бозигари фаронсавӣ солона 35 млн евро ба даст оварда, гаронмуздтарин бозигари «Реал» хоҳад буд. Ҳамчунин тими мадридӣ барояш ҳамаи ҳуқуқҳо вобаста ба истифодаи имиҷашро берун аз майдон иҷозат медиҳад, чизе, ки дар ҳолати «Реал» то ҳол рух надодааст.
Ёдрас мекунем, ки шартномаи феълии ҳамлавари фаронсавӣ бо «ПСЖ» то рӯзи 30-юми июни соли 2024 мӯҳлат дорад. Мавсими ҷорӣ Мбаппе 14 бозӣ дар сафи «ПСЖ» дар Лигаи 1 гузаронида, 15 голу ду партофти голӣба омор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив