LIVE

Гузариши Килиан Мбаппе ба «Реал» расман тасдиқ шуд!

Президенти  Ла Лигаи испанӣ Хавйер Тебас далели гузариши ҳамлавари «Пари Сен-Жермен» ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбапперо ба   «Реал»-и Мадрид тасдиқ кард.
«Мбаппе соли ҷорӣ, яъне шурӯъ аз мавсими оянда дар Мадрид хоҳад буд. Ӯ яке аз беҳтарин бозигарон дар ҷаҳон аст. Вале дар «Реал»   боз Винисиус ва Беллингем ҳастанд ва Мадрид дорои тими хубе хоҳад буд. Вале албатта, ки ин  кафолат баҳри қаҳрамонӣ дар чемпионатро намедиҳад», — иқтибос меорад аз суханони Хавйер Тебас саҳифаи интернетии Ole.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлавари «ПСЖ» Килиан Мбаппе беҳтарин бозигари мавсим дар  Лигаи 1 тибқи фарзияи иттифоқи касабаи футболбозон ва мураббиёни Фаронса дониста шуд. Пештар дар ВАО хабар баромад, ки  Мбаппе аллакай бо «Реал» шартномаи мӯҳлаташ то соли 2029 имзо намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив