LIVE

Мбаппе - беҳтарин бозигари “Реал Мадрид” дар моҳи декабр

Бошгоҳи “Реал Мадрид” беҳтарин футболбози моҳи декабрро интихоб кард. Ин ҳамлагари даста Килиан Мбаппе мебошад.
Бозигари фаронсавӣ дар овоздиҳии мухлисон аз нимҳимоятгарон Ҷуд Беллингем ва Федерико Валверде, ҳимоятгар Антонио Рюдигер ва ҳамлагар Родриго Гоес пеш гузашт.
Моҳи декабр Мбаппе дар ҳайати “Реал Мадрид” шаш бозӣ анҷом дода, соҳибомори панҷ гол ва ду ассист мебошад. Дар маҷмӯъ, футболбоз мавсими имсолаи чемпионати Испания дар 16 бозӣ   10 гол ва 2 партофти головар дорад. Ӯ инчунин дар Лигаи Чемпионҳо шаш бозӣ карда, муаллифи ду гол ва як партофти голӣ аст. Сомонаи Transfermarkt арзиши Мбапперо 180 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив