Ҳамлагари дастаи «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе беҳтарин нишонзани чемпионати Испания дар мавсими 2024/2025 гардид. Ҳамлагари фаронсавӣ 34 бозӣ анҷом дода, 31 гол задааст. Дар хотир доред, ки ин аввалин мавсими бозигар дар Ла Лига аст.
Наздиктарин довталаби Мбаппе дар сабқати голзанӣ ҳамлагари полшагии «Барселона» Роберт Левандовски мебошад, ки 27 гол задааст.
Футболбози 26-солаи фаронсавӣ аз моҳи июли соли 2024 дар ҳайати «Реал Мадрид» бозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, Мбаппе дар ин мавсим дар 55 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ширкат варзида, 42 гол ва 4 партофти головар кардааст. Шартномаи кории футболбоз бо клуб то тобистони соли 2029 ҳисоб шудааст. Тибқи маълумоте, ки дар портали Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории футболбоз 170 миллион евроро ташкил медиҳад.
