Ҳамлавари бошгоҳи итолиявии "Аталанта" Адемола Лукман метавонад фаъолияти варзишии хешро дар чемпионати Испания идома диҳад. Ба иттилои нашрияи Corriere dello Sport “Атлетико Мадрид” нисбати футболбози 27-солаи нигериявӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда, ният дорад барои харидории ӯ бо “Наполи” мубориза барад.
Ба иттилои манбаъ “Аталанта” арзиши қаблии форвардро дар ҳаҷми 60 миллион евро нигоҳ медорад ва ният надорад, ки маблағи дархостшударо кам кунад.
Мавсими гузаштаи чемпионати Италия Лукман 31 бозӣ анҷом дода, ба задани 15 гол ва ирсоли 5 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ӯ бо “Аталанта” то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад. Transfermarkt арзиши ҳамлагарро 60 миллион евро арзёбӣ мекунад.
