Бозии аввали даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳои УЕФА-2025/26 байни дастаҳои “Барселона” ва “Атлетико Мадрид” дар варзишгоҳи Spotify Camp Nou дар Барселона бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2-0 ба анҷом расид.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Бозии 1-ум
9 апрели соли 2026, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Барселона” (Барселона, Испания) 0:2 “Атлетико Мадрид” (Мадрид, Испания)
0:1 Алварес – 45' 0:2 Сёрлот – 70'
Корти сурх: Кубарси – 44'
Дар дақиқаи 44-ум-ум ҳимоятгари “Барселона” Пау Кубарси бо корти сурх аз майдон хориҷ карда шуд. Баъди як дақиқа ҳамлагари бошгоҳи шаҳри Мадрид Хулиан Алварес ҳисобро кушод. Ҳамлагари бошгоҳи “Атлетико Мадрид” Александр Сёрлот дар дақиқаи 70-ум бартарии меҳмононро дучанд кард.
Бозии ҷавобӣ байни дастаҳои “Атлетико Мадрид” ва “Барселона” рӯзи 14-уми апрел дар варзишгоҳи Сивитас Метрополитанои шаҳри Мадрид баргузор мешавад.
Дар даври 1/8 финалӣ “блаугранас” бар тими “Нюкасл” бо ҳисоби умумии 8-3 шикаст дод. Дар ҳамин марҳилаи мусобиқа “Атлетико Мадрид” зидди “Тоттенҳэм” бо ҳисоби умумии 7-5 шикаст дод.
