LIVE

"Барселона" ҳадафи асосии трансфери тобистонаи худро маълум кард

"Барселона" ҳамлагари "Атлетико Мадрид" Хулиан Алваресро барояш чун ҳадафи асосии трансферӣ дар тобистони соли 2026 муайян кардааст. Дар ин бора нашрияи Sport.es хабар медиҳад.
Ба навиштаи нашрия бошгоҳи каталонӣ тамоми кори аз дасташ меомадаро мекунад, то форварди аргентиниро дар равзанаи трансферии тобистонаи дарпешистода ба имзо расонад. Айни замон “нилунориҳо” танҳо дар сурати риоя кардани қоидаҳои фэр-плейи молиявии Ла Лигаи Испания метавонанд иртиботро анҷом диҳанд. «Барселона»  Алваресро ба як ҳамлагари дигар аз қораи Амрикоии Ҷанубӣ Луис Суарес монанд мекунад ва омода аст, ки   82 миллион евроро аз барояш пардохт кунад.
Мавсими ҷорӣ Алварес дар ҳайати дастааш дар тамоми мусобиқаҳо 27 бозӣ гузаронида, ба задани 11 гол ва ирсоли 5 партофти головар даст ёфтааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши ин бозигарро 100 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив