Раҳбарияти «Реал Мадрид» ҳадафи асосии трансфериро барои тобистони дарпешистода муайян кардааст, ки ин ҳам мустаҳкам кардани хати нимҳимоя аст. Дар ин бора Relevo хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ояндаи нимҳимоятгари марказии хорватии даста Лука Модрич дар даста ҳанӯз маълум нест, зеро шартномаи бозигар бо бошгоҳи шаҳри Мадрид охири моҳи июли соли ҷорӣ ба охир мерасад. Вазифаи асосии шӯъбаи скаутҳои “Реал Мадрид” пайдо кардани ивазкунандаи Модрич ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки футболбози хорватӣ аз соли 2012 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар дар 44 бозӣ ширкат карда, 4 гол ва 7 партофти головар дар номаш дорад.
