LIVE

Симеоне бохти хонагии «Атлетико»-ро аз «Барселона» шарҳ дод

Сармураббии «Атлетико Мадрид» Диего Симеоне дар бораи шикасти дастааш дар бозии Ла Лига аз «Барселона» (2:4) изҳори назар кард.
Испания - Примера. Даври 28-ум
17 марти соли 2025, душанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Атлетико М” (Мадрид) 2:4 “Барселона” (Барселона)
1:0 Алварес – 45’     2:0 Серлот – 70’     2:1 Левандовски – 72’     2:2 Ф. Торрес – 78’       Ямал  3:2 90+2 Торрес 4:2 – 90+8'
“Рақабимро табрик мегӯям. Бахта барояшонт омад, чизе, ки барои мо низ муфид мебуд. Фикр мекунам, ки мо нишонаи хастагӣ надоштем ва   аз ивазкунӣ энергия гирифтем.
Ман фикр намекунам, ки ҳисоб 2:0 боқӣ мемонд. Рақиб аз фурсат истифода бурда, фосиларо коҳиш дод ва барои як дастаи пурқувват ва хубе чун “Барселона”, ин як такони иловагӣ ва  вояи эътимод аст. Рақиб ба ин минтақаи тарс ворид мешавад. Ҷавоби ҳуҷумӣ ноком шуд ва ҳисоб аллакай 2:2 шуд”, - иқтибос меорад Marca аз суханони Симеоне.
Пас аз 28 бозӣ “Атлетико Мадрид” бо касби 56 имтиёз дар ҷои сеюми ҷадвали Ла Лига қарор дошта,  "Барселона" пас аз 27 бозӣ бо касби 60 имтиёз дар ҷои аввал аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив