«Атлетико Мадрид», ки дар бозии даври 19-уми Ла Лигаи Испания бар «Осасуна» пирӯз шуд (1:0), аз рӯи шумораи бозӣ пайиҳам рекорди нави бошгоҳӣ гузошт. Дар ин бора Opta Sport хабар медиҳад.
Испания - Примера. Даври 19-ум
12 январи соли 2025, якшанбе. Соати 20-15 бо вақти Душанбе
“Атлетико М” (Мадрид) 1:0 “Осасуна” (Памплона)
1:0 Алварес – 55'
Ҳамин тариқ, дастаи Диего Симеоне дар ҳамаи мусобиқаҳо 14 маротиба пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар ин муддат «матрасчиён» дар чемпионати Испания ҳашт ғалабаи паиҳам ба даст оварда, инчунин бо се галаба дар вохӯрихои Ҷоми Испания ва се вохурй дар марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо муваффақияти худро мустаҳкам намуданд.
Қаблан тӯлонитарин силсилаипирӯзиҳои “Атлетико”, ки аз 13 бозӣ иборат буд, аз моҳи август то октябри соли 2012 давом ёфт. Дар он вақт дастаро аллакай мураббии аргентинӣ Симеоне роҳбарӣ мекард.
Айни ҳол "Атлетико" бо 44 имтиёз аз 19 бозӣ дар мақоми аввали ҷадвали Ла Лига мебошад. Дастаи шаҳри Мадрид бозии навбатиро дар доираи даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания рӯзи 15-уми январ бо тими «Элче» баргузор мекунад.