Бошгоҳи футболи "Барселона" бо ҳамлагари "Атлетико Мадрид" Хулиан Алварес оиди шартҳои шахсии қарордоди корӣ ба мувофиқа расид. Дар ин бора журналист Сезар Луис Мерло дар шабакаҳои иҷтимоии худ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ ҳоло ба ҷониби тими мадридӣ пешниҳоди расмӣ омода мекунад. Аммо "блаугранас" қасд надорад, ки ягон бозигари худро ба шомили ин гузариш кунанд ва интизор аст, ки ин трансферро бо вуҷуди пардохти пули нақд ҳал кунад. "Атлетико Мадрид" омода аст, ки бозигари аргентинии хешро бо нархи тақрибан 150 миллион евро фурӯшад.
Алварес тобистони соли 2024 аз сафи "Манчестер Сити" ба бошгоҳи шаҳри Мадрид ҳамроҳ шуд. Ин мавсим ҳамлагар дар ҳамаи мусобиқаҳо 49 бозӣ анҷом дода, 20 гол ва нӯҳ партофти головар ба омор гирифтааст.
