Бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” нисбати харидории ҳамлагари “Атлетико Мадрид” Хулиан Алварес таваҷҷӯҳ дорад. Дар ин бора Патрик Бергер - рӯзноманигори Sky Sport Germany дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ “Реал Мадрид” нисбати бозигари аргентинӣ таваҷҷӯҳи хосса медиҳад. Қайд карда мешавад, ки агар пешниҳод дар ҳаҷми 150 миллион евро пешниҳод шавад, “Атлетико” дар фурӯши Алварес метавонад розӣ шавад.
Қаблан хабар дода мешуд, ки “Барселона”, “Пари Сен-Жермен” ва “Арсенал” ба ин бозингар таваҷҷӯҳ доштанд.
Алварес 26-сола буда, мавсими гузашта дар ҳама мусобиқаҳо 49 бозӣ анҷом дод, 20 гол ва нӯҳ голи головар ба омор гирифт. Шартномаи ӯ бо "сурху сафедҳо" то тобистони соли 2030 эътибор дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши тахминии Алварес 100 миллион евро аст.
