LIVE

“ПСЖ” дар талоши харидории нимҳимоятгари “Реал Мадрид”

Бошгоҳи фаронсавии “Пари Сен-Жермен” дар равзанаи тобистонаи трансферӣ ба харидории нимҳимоятгари “Реал Мадрид” Эдуардо Камавинга таваҷҷӯҳ дорад, хабар медиҳад The Touchline дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Тими фаронсавӣ пас аз анҷоми мавсим нимҳимоятгарро ба даст оварданист. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Камавинга ба “Арсенал”-и Лондон пешниҳод шудааст.
Ин мавсим Камавинга дар 33 бозии  ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, ду гол ва як паси голӣ дар омор дорад. Шартномаи кунунии бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Камавинга 50 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив