LIVE

“Реал Мадрид” дар талоши харидории дифоъгари дигари “Ливерпул”

Муҳофизатгари марказии “Ливерпул” Иброҳим Конате метавонад дар фурсатҳои ахири равзанаи тобистонаи трансферӣ метавонад ба сафи “Реал” пайвандад. Тибқи гуфтаҳо дастаи мадридӣ баҳри ба даст овардани ин дифоъгар бо назардошти кам мондани мӯҳлати шартномаи бозигари фаронсавӣ зиёда аз 20-25 миллион евро пешниҳод намекунад. "Сурхҳо" бошанд дар навбати худ мехоҳанд 50 миллион евро ба даст оранд. Қобили ёдоварист, ки шартномаи феълии Конате бо тими англисӣ то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад.
Тибқи иттилои манбаъ “мерсисайдиҳо” аз такроршавии вазъият атрофи Трент Александр-Арнолд, ки чун агенти озод ба сафи “Реал Мадрид” ҳамроҳ шуда буд. “Ливерпул”   истисно намекунад, ки "лос-бланкос"   дар рӯзҳои охирини равзанаи тобистона  пешниҳоди харидории Конатеро ирсол хоҳад кард.
Муҳофизатгари 26-сола аз тобистони соли 2021 дар сафи тими англисӣ бозӣ намуда, дар ин давра Иброҳим дар тамоми мусобиқаҳо дар 134 бозӣ муаллифи панҷ голу чор ирсоли голӣ шудааст. Тибқи маълумоти сомонаи Трансфермаркт арзиши бозории дифоъгари фаронсавӣ 60 миллион аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив