Ноиб-сарвони бошгоҳи «Ливерпул» Трент Александер-Арнолд розӣ шуд, ки чун бозигари озод ба дастаи «Реал Мадрид» гузариш анҷом диҳад. Дар ин бора рӯзноманигор Рамон Алварес де Мон дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ футболбози англис розӣ шудааст, ки тобистони оянда ба “Реал Мадрид” гузариш анҷом диҳад. Қайд карда мешавад, ки эҳтимолан Трент зимистони имсола ба «Реал» пайвандад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи феълии Александр-Арнолд бо “Ливерпул” то охири моҳи июни соли 2025 амал мекунад. Тренти 25-сола дастпарвари бошгоҳи мерсисайдӣ буда, аз соли 2016 дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунад. Transfermarkt арзиши бозории Александр-Арнолдро 70 миллион евро арзёбӣ кардааст.