Дарвозабони тими «Атлетико Паранаэнсе»-и Бразилия - Бенто ба дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ мегузарад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи шаҳри Риёз дар бораи интиқоли дарвозабон ба маблағи 18 миллион евро розӣ шудааст, ки пеш аз имзои шартнома бо «Ал-Наср» то тобистони соли 2028 бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад.
Қаблан маълум шуда буд, ки «Ал-Наср» музокираҳоро бо «Манчестер Сити» дар бораи интиқоли дарвозабони бразилӣ Эдерсон ба далели он ки “шаҳриҳо” барои интиқоли дарвозабон 60 миллион евро дархост кардаанд, қатъ намояд.
Ёдовар мешавем, ки Бентои 25-сола дастпарвари «Атлетико Паранаэнсе» буда, аз соли 2021 инҷониб 164 бозӣ анҷом додааст. Transfermarkt нархи бозории дарвозабонро 15 миллион евро арзёбӣ кардааст.