LIVE

"Реал Мадрид" баҳри гузариши Трент 25 миллион евро пардохт мекунад

Роҳбарияти «Реал Мадрид» нисбати дифоъгари канории «Ливерпул» Трент Александр-Арнолд мароқ зоҳир кардааст, дар ин бора нашрияи Marca хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ “Лос Бланкос” ба “мерсисайдиҳо” барои интиқоли фаврии футболбоз 25 миллион евро пешниҳод мекунад. Тибқи гузоришҳо ҷониби мадридӣ намехоҳад, ки имзокунии шартнома бо Трентро то тобистони соли 2025 ба таъхир гузорад. Он замон онҳо метавонанд ӯро пас аз ба итмом расидани шартномааш бо “Ливерпул” ҳамчун агенти озод шомили даста намоянд.
Мавсими имсола ҳимоятгари 26-солаи Англия дар ҳайати “сурхҳо”  23 бозӣ анҷом дода, муаллифи як гол ва 5 партофти головар гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив