«Реал Мадрид» ба «Ливерпул» хабар дод, ки мехоҳад Трент Александер-Арнолди 26-соларо харидорӣ намояд. Дар ин бора talkSPORT хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, “лос-бланкос” ӯҳдадор нест, ки ба “Ливерпул” дар бораи нияти харидории футболбози инглисӣ расман хабар диҳад, зеро шартномаи меҳнатии ӯ тобистони оянда ба итмом мерасад ва сар аз аз моҳи январ ӯ метавонад бо тими дигар шартномаи пешакӣ бандад. Бо вуҷуди ин "Реал Мадрид" мехоҳад нисбати “серсисайдиҳо” эҳтиром зоҳир кунад.
Мавсими ҷорӣ Александр-Арнолд 15 маротиба дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, ду партофти головар дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози англис 70 миллион евро аст.