LIVE

"Реал Мадрид" аз барои харидории Александр-Арнолд пешниҳоди нав ирсол мекунад

Дифоъгари канории "Ливерпул"  Трент Александер-Арнолд таҳти таваҷҷӯҳи "Реал Мадрид" қарор дорад. Дар ин бора нашрияи машҳури интернетии испанӣ Marca хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, “Лос Бланкос” бо Ливерпул тамос хоҳад гирифт ва ин ҳам дар ҳолате хоҳад буд, ки вақте  “мерсисайдҳо” омодаанд, бозигарро дар равзанаи интиқоли зимистона ҷавоб диҳанд. Гуфта мешавад, ки сароғози моҳи январ аллакай пешниҳоде баҳри ин бозигар ба ҷониби “сурхҳо” шуда буд.   “Мерсисайдҳо” бошанд ҳадди ақал мехоҳанд ӯро то тобистон нигоҳ доранд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки "Ливерпул" пешниҳоди "Реал Мадрид"-ро дар бораи интиқоли Трент Александр-Арнолд ба маблағи 15 миллион евро рад кард. Мавсими ҷорӣ ҳимоятгари 26-сола дар ҳайати “сурхҳо” 23 бозӣ карда, як гол ва 5 партофти головар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив