«Реал Мадрид» бо ҳимоятгари самти рости «Ливерпул» Трент Александр-Арнолд шартнома баст, - хабар медиҳад рӯзноманигори Ла Галерна Рамон Алварес де Монт дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Тибқи шартҳои ин созишнома, бозигари англиси 26-сола пас аз анҷоми мавсими ҷорӣ ба сафи “Лос Бланкос” мепайвандад ва тақрибан 18-20 миллион евро ҳамчун маблағи ҷоизавӣ баҳри имзокунии шартнома хоҳад гирифт. Ёдовар мешавем, ки мӯҳлати қарордоди кории Трент бо “Ливерпул” то 30 июни соли 2025 амал мекунад.
Мавсими ҷорӣ ҳимоятгари 26-сола дар ҳайати “сурхҳо” дар тамоми мусобиқот 25 бозӣ анҷом дода, як гол ва 6 партофти головар дорад.