Ҳамлагар ва сарвони тими миллии Португалия Криштиану Роналду оиди валани иштироки хеш дар Ҷоми Ҷаҳон-2006 ва инчунин дар бораи эҳсосоти худ пас аз бохт аз Испания (0:1) дар Ҷоми Ҷаҳон - 2026 сӯҳбат кард.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Даври 1/8 ниҳоӣ
7 июли соли 2026, сешанбе. 00:00 ДШБ
Португалия 0:1 Испания
0:1 Мерино – 90+1'
– Шумо ба шахсе, ки аввалин маротиба дар Ҷоми Ҷаҳонии худ дар соли 2006 ширкат кард, чӣ мегуфтед?
"Ҳамеша тамоми қувваатонро ба кишвари худ, ба рангҳои парчами худ диҳед, зеро вақте ки коратонро анҷом медиҳед, оромии хотирро эҳсос хоҳед кард, ки тамоми қувваатонро ба он бахшидаед. Хусусан вақте ки сухан дар бораи тими миллӣ меравад. Ман эҳсоси хоссаеро дорам, хусусан вақте ки тими миллиро намояндагӣ мекунам, зеро 23 сол боз ба ин кор машғул будам. Ин корро бо лаззати зиёд анҷом медиҳам. Ин як таҷрибаи фаромӯшнашаванда аст."
"Оиди ашк дар охири бозӣ чт мегӯед?"
"Ин эҳсосот буд, аммо инчунин сабукӣ. Виҷдони ман пок аст, зеро медонам касеро, ки тамоми қувваашро ба харҷ медиҳад, танқид кардан мумкин нест", - иқтибос меорад Record аз суханони Роналду.
