Ҳамлагари тими миллии Португалия Криштиану Роналду беҳтарин бозигари дидор зидди тими миллии Хорватия (2-1) дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон - 2026 интихоб шуд. Бозӣ дар майдони BMO Field-и Торонтои Канада баргузор гардид.
Ҷоми ҷаҳон – 2026. Даври 1/8 ниҳоӣ
3 июли соли 2026, ҷумъа. 04:00 ДШБ
Португалия 2:1 Хорватия
0:1 Перишич – 53' 1:1 Роналду – 68' 2:1 Рамуш – 90+4'
Роналду бозӣ аз дақиқаҳои аввал оғоз кард ва дар дақиқаи 81-ум иваз карда шуд. Дар дақиқаи 68-ум ӯ аз зарбаи пеналти ҳисобро баробар намуд. Ҳамзамон дар дақиқаи 61-ум доварон голи Криштиануро бо сабаби офсайд бекор карданд.
Дар даври 1/8 финалӣ Португалия бо Испания рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11 июн то 19-уми июл дар Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мексика баргузор шуда истодааст.
