Нимҳимоятгари мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Малик Тиллман беҳтарини бозигари даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон – 2026 зидди Босния ва Ҳерсеговина интихоб шуд. Бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом ёфта, Тиллман яке аз голҳои ИМА-ро ба самар расонид.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ.
2 июли соли 2026, панҷшанбе. 05:00 ДШБ
ИМА 2:0 Босния ва Ҳерсеговина
1:0 Балогун – 45' 2:0 Тиллман – 82'
Корти сурх: Балогун – 64'
Тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт, ки дар он онҳо бо Белгия бозӣ мекунанд. Бозӣ 7-уми июл, соати 05:00 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
Ҷоми ҷаҳон -2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон буда, дар финали мусобиқаи 2022 дар Қатар Фаронсаро бо ҳисоби 3:3 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб кард.
