LIVE

Натиҷаи бозиҳои ниҳоии плей-оффи ҶҶ-2026 дар қораи Аврупо

Дирӯз, 31-уми март бозиҳои ниҳоии плей-оффи Ҷоми Ҷаҳонии 2026 дар минтақаи Аврупо дар давоми рӯзи бозӣ чор бозӣ баргузор шуданд.  
Натиҷаи ниҳоии плей-оффи Ҷоми Ҷаҳонии 2026 аз 31-уми март:
Чехия - Дания — 2:2 (3:1 пен.);
Косово - Туркия — 0:1;
Шветсия - Полша — 3:2;
Босния ва Ҳерсеговина - Италия — 1:1 (4:1 пен.).
Ёдовар мешавем, Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июли соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада баргузор мешавад.
Аргентина қаҳрамони кунунии ҷаҳон аст. Дар финали мусобиқаи соли 2022 дастаи миллии Аргентина бо Фаронса рӯбарӯ шуд. Бозӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби 3-3 ба анҷом расид, аммо Аргентина дар силсилаи пеналтӣ (4-2) ғолиб омад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив