LIVE

Тими миллии Италия бори сеюм паиҳам ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта натавонист

Бозии ниҳоии даври плей-оффи роҳи А барои ҳуқуқи ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни мунтахабҳои Босния ва Ҳерсеговина ва Италия  пас аз вақти асосӣ бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расида, дар силсилазарбаҳои пеналти Босния бо ҳисоби 4-1 пирӯз шуд. 
Ҷоми ҷаҳонии 2026 - Аврупо. Плей-офф. Финал
31 марти соли 2026, сешанбе. 23:45 ДШБ
Босния ва Ҳерсеговина 1:1 (4:1Италия
0:1 Кин – 15' 1:1 Табакович – 79'
Корти сурх: Бастони – 41'
Дар дақиқаи 15-ум Мойзе Кин ҳисобро кушод ва ба Италия пешсафӣ овард. Дар дақиқаи 42-юм бошад Алессандро Бастони аз сафи меҳмонон корти сурх гирифт. Харис Табакович аз мунтахаби Босния тавонист дар дақиқаи 79-ум ҳисобро баробар намояд. Ҳисоби бозӣ миёни даста то охири вақти асосӣ мусовӣ ва фурсатҳои иловагӣ мусовӣ боқӣ монда, дар вақти иҷроиши силсилазарбаҳои пенлати Босния ва Ҳерсеговина пирӯзӣ ба даст овард. 
Дар марҳилаи нимфиналӣ бошад тими миллии Босния ва Ҳерсеговина Уэлсро мағлуб кард (1:1, 4:2 аз рӯи пеналтӣ). Тими миллии Италия дар навбати худ Ирландияи Шимолиро бо ҳисоби 2-0 шикаст дода буд.
Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина мебошад, ки дар финали мусобиқаи соли 2022 бо Фаронса рӯбарӯ шуда буд. Бозӣ пас аз вақти асосӣ бо ҳисоби 3-3 ба анҷом расид ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ Аргентина (4-2) пирӯз шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив