Имрӯз, 1-уми апрел бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ 47 аз 48 дастаеро, ки дар финали Ҷоми Ҷаҳонии 2026 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ширкат мекунанд, муайян карданд. Ҷумҳурии Демократии Конго дар яке аз бозиҳои финалии плей-офф байниқитъавӣ пирӯз шуд ва ба гурӯҳи 46 дастае, ки мустақиман ба финали Ҷоми Ҷаҳон тавассути интихоби Аврупо роҳ ёфтанд, ҳамроҳ шуд.
Иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии 2026 пас аз анҷоми бозиҳои марҳилаи интихобии қораи Аврупо:
Гурӯҳи А: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия.
Гурӯҳи B: Канада, Шветсария, Қатар, Босния ва Ҳерсеговина.
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Гаити, Шотландия.
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия.
Гурӯҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот-д'Ивуар, Эквадор.
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шветсия.
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав.
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай.
Гурӯҳи I: Фаронса, Сенегал, Норвегия, ғолиби плей-офф (Ироқ -Боливия).
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун.
Гурӯҳи K: Португалия, Колумбия, Ӯзбекистон, Конгои Демократӣ.
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама.
Иштирокчии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон дар бозии плей-офф байниқитъавӣ байни Ироқ ва Боливия муайян карда мешавад. Бозӣ имрӯз, 1-уми апрел баргузор мешавад ва оғози бозӣ соати 08:00 ба нақша гирифта шудааст.
