Бозии даври дуюми гурӯҳи D байни тимҳои миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Австралия имрӯз, 19-уми июн дар варзишгоҳи Лумени Сиэтли ИМА соати довар соати 23:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи D. Даври 2-юм
19 июни соли 2026, ҷумъа. 23:40 ДШБ
ИМА - Австралия
Дар даври аввали гурӯҳи D мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар Парагвай (4-1) зафар ёфт, дар ҳоле ки Австралия Туркияро (2-0) мағлуб намуд. Дар даври охирин марҳилаи гурӯҳӣ бошад тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Туркия (26 июн) ва Австралия бо Парагвай (инчунин 26 июн) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор мешавад. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом медиҳад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.
