LIVE

Деклан Райс дар ҶҶ-2026 бо вуҷуди дарди мудҳиш бозӣ мекунад

Нимҳимоятгари тими миллии Англия Деклан Райс дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 саломатии худро зери хатар мегузорад. Нимҳимоятгари бошгоҳи "Арсенал" мубталои дарди невралгӣ, ки аз қисмати поёни пушт ва устухони рон ӯро азият медиҳад.
Аз сабаби ин ҷароҳат Райс натавонист бозии даври 1/16 ниҳоӣ зидди Ҷумҳурии Демократии Конгоро (2-1) ба анҷом расонад ва хоҳиш кард, ки дар вақти иловагӣ иваз карда шавад. Сармураббии мунтахаби Англия Томас Тухел дар бораи ҳолати нимҳимоятгар сӯҳбат кард.
Ҷоми ҷаҳон – 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ
1 июли соли 2026, чоршанбе. 21:00 ДШБ
Англия 2:1 ҶД Конго
0:1 Сипенга – 7' 1:1 Кейн – 75' 2:1 Кейн – 86'
"Ман аз ӯ пурсидам, ки чӣ эҳсосе дорад. Ӯ чунин посух дод: "Метавонам барои даста бозӣ кунам, аммо дарди сахт дорам." Вақте ки Деклан ба Шумо мегӯяд, ки дарди сахт дорад,  медонед, ки ӯ дигар наметавонад онро таҳаммул кунад", - иқтибос меорад BBC Sport аз суханони Тухел.
Аммо бо вуҷуди чунин нороҳатии ҷиддӣ низ интизор меравад, ки Райс метавонад дар бозии 1/8 финалӣ бо Мексика бозӣ кунад.
Ҷоми ҷаҳон – 2026. Даври 1/8 финалӣ
6 июли соли 2026, душанбе. 05:00 ДШБ
Мексика - Англия

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив