Ҳамлагари капитани машҳурии тими миллии Португалия Криштиану Роналду пас аз бозии дӯстона бо Нигерия (2-1) паёмак навиштааст. Ин охирин бозии тими миллии Португалия баҳри омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии дарпешистодаи 2026 буд.
"Омодагӣ ба анҷом расид. Диққатҳо ба Ҷоми ҷаҳонии оянда нигаронида шудааст", - навиштааст Роналду дар саҳифаи шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
тими миллии Португалия дар Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳ бо Ҷумҳурии Демкоратии Конго, Ӯзбекистон ва Колумбия бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду дар таърихи футбол соҳиби нишондоди рекордӣ аз рӯишумораи бозӣ ва шумораи голҳои задашуда дар тимҳои миллӣ мебошад. Айни замон бозигари дастони португалӣ дар 228 бозӣ 143 гол задааст.
