LIVE

Изҳороти тими миллии Аргентина оиди иштироки эҳтимолии Месси дар ҶҶ-2026

Сармураббии дастаи миллии Аргентина Лионел Скалони дар бораи дурнамои иштироки ҳамлагари маъруф Лионел Месси дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллӣ сӯҳбат кард.
"Агар Лео қарор кунад, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ кунад, ин барои мо шарафи бузург хоҳад буд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки ӯ аз он лаззат барад ва мо барояш кӯмак мекунем, ки худро онҷо хуб ҳис кунад. Ӯ низ мисли мо мехоҳад, аммо ҳоло оромтар аст, зеро аллакай Ҷоми ҷаҳониро ба даст овардааст. Ӯ мехоҳад дар мусобиқа бошад ва ин таҷрибаро бо дигарон мубодила кунад. Мо мебинем, ки ӯ чӣ қарор қабул мекунад ва мо ӯро дастгирӣ хоҳем кард", - иқтибос меорад beIN Sports аз суханони Скалони.
Ҷоми ҷаҳонии футбол тобистони имсол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина бошад дар гурӯҳи J-и Ҷоми ҷаҳон-2026-и ФИФА бо Алҷазоир, Австрия ва Урдун бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив