LIVE

Голландия ба даври нимниҳоии ҶҶ роҳ ёфт

Дар бозии аввали даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни футболбозони то 17 сола Голландия бо Парагвай дидор анҷом дод. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи "Клебер Андраде" сурат гирифта, бо ҳисоби 4-1 ба фоидаи футболбозони голландӣ хатм гардид. Дар ин дидор Ҳувер, Ҳансен, Бреф ва Унувар аз ҳайати тими миллии Голландия гол заданд. Ягона голи парагвайиҳоро Дуарте ба самар расонид. Пас аз ин ғалабаи худ Голландия аввалин иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳон гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив