LIVE

Чаҳор голи Муҳамадҷон Раҳимов дар бозии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо тими "Ҳулбук" дар варзишгоҳи марказии Ҳисор дидор кард. Дар ин дидор футболбозони "Истиқлол" бо ҳисоби калони 5:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Қаҳрамони ин рақобат Мҳаммадҷон Раҳимов шуд, ки муаллифи 4 гол шуд. Як тӯби дигарро Искандар Ҷалилов ба самар расонид. Дидори ҷавобии дастаҳо баъди як моҳ дар ноҳияи Восеъ баргузор мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив