Нимҳимоятгари аргентинии дастаи “Челси” Энтсо Фернандес метавонад фаъолияти худро дар бошгоҳи “Манчестер Сити” идома диҳад.
Тибқи иттилои нашрияи The Athletic, ба ин футболбоз дастаи “Манчестер Сити” таваҷҷуҳ дорад, ҳарчанд ӯ дар рӯйхати ҳадафҳои асосии трансферии “шаҳриҳо” қарор надорад.
Ҳамзамон, ҳамчун варианти эҳтиётӣ нимҳимоятгари “Ноттингем Форест” Эллиот Андерсон низ мавриди таваҷҷуҳи “Манчестер Сити” қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи дастаи шаҳри Манчестер ба Фернандес бештар бо эҳтимоли тарки даста аз ҷониби Бернарду Силва дар тобистони имсол вобаста аст.
Ҳамчунин, ояндаи Родри то ҳол пурра равшан нест. Шартномаи ӯ бо “Манчестер Сити” то соли 2027 амал мекунад, аммо роҳбарияти клуб мехоҳад онро тамдид намояд.
Мавсими ҷорӣ Фернандес дар 48 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо иштирок карда, 12 гол зада ва 6 партофти головар анҷом додааст. Арзиши бозории ӯ тибқи маълумоти Transfermarkt тақрибан 90 миллион евро арзёбӣ мешавад. Шартномаи феълии бозигар бо “Челси” то соли 2032 амал мекунад.
