Дастаи “Манчестер Юнайтед” ба футболбози 22-солаи тими “Ноттингем Форест” — Эллиот Андерсон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Дар ин бора хабарнигори Sky Sport Germany, Флориан Плеттенберг иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти “Ноттингем Форест” аз таваҷҷуҳи “Девҳои сурх” нисбати Андерсон огоҳ аст, аммо фурӯши нимҳимоятгарро танҳо бо маблағи 100–120 миллион фунт стерлинг баррасӣ мекунад.
Қаблан сомонаи Caught Offside хабар дода буд, ки “Ноттингем Форест” арзиши бозигари англисро 70 миллион фунт арзёбӣ кардааст.
Дар мавсими ҷорӣ Андерсон дар 14 бозӣ дар ҳамаи мусобиқот ширкат варзида, як гол ва як ассист анҷом додааст. Қарордоди амалкунандаи ӯ бо клуб то тобистони соли 2029 эътибор дорад.
Бар асоси маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории ин бозигар ҳоло 45 миллион евро мебошад.
