LIVE

“Ливерпул” барои Витиня 130 млн € пардохт мекунад

Бошгоҳи “Ливерпул” пеш аз боз шудани равзанаи гузаришҳои моҳи январ аз ҳолати нимҳимоятгари “Пари Сен-Жермен” — Витиня бодиққат назорат мекунад. Дар ин бора нашрияи Caught Offside хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷониби “Ливерпул” бозигари 25-солаи португалиро аз ҷиҳати техникӣ боистеъдодтарин дар Аврупо мешуморад.

“ПСЖ” омода аст гуфтушунидро дар бораи фурӯши Витиня оғоз кунад, агар пешниҳоде ба маблағи 130 миллион евро дарёфт намояд. Таъкид мешавад, ки ғайр аз “Ливерпул”, инчунин “Ювентус” ва “Арсенал” низ аз паси ин бозигарро гирифтаанд.

Дар мавсими ҷорӣ Витиня дар 16 бозӣ дар ҳамаи мусобиқот иштирок намуда, 2 гол зада, 8 паси головар анҷом додааст. Қарордоди амалкунандаи ӯ бо “ПСЖ” то тобистони соли 2029 эътибор дорад.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 90 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив