LIVE

"Ливерпул" нияти харидории Брэдли Барколяро аз “ПСЖ” дорад

«Ливерпул» ният дорад, ҳамлагари 22-солаи “ПСЖ “Брэдли Барколаро харидорӣ намояд. Дар ин хусус нашрияи The Sun хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ  “мерсисайдиҳо” омодаанд, ки барои харидории футболбози фаронсавӣ бо «Бавария» рақобат кунанд. Қайд карда мешавад, ки бошгоҳи шаҳри Париж бозигари хешро дар ҳаҷми 100 миллион фунт (117 миллион евро) нархгузорӣ кардааст.
Мавсими гузашта Барколя  58 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, дар онҳо 21 гол ва 19 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2028 баста шудааст. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози 22-сола 70 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив