LIVE

Ҳадафи асосии трансферии "Ливерпул" дар тобистон маълум шуд

Сармураббии «Ливерпул» Арне Слот ният дорад, ки нимҳимоятгари “Штутгарт” Анҷело Стиллерро дар равзанаи трансфери тобистона харидорӣ намояд. Дар ин бора нашрияи олмонии Stuttgarter-Nachrichten хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ Слот нимҳимоятгари олмониро ба рӯйхати трансферҳои афзалиятнок шомил кардааст. Қайд карда мешавад, ки сармураббии “Ливерпул”-ро  «камолияти тактикӣ ва қобилияти ташкил кардани бозӣ аз хати миёнаи майдон» дар ин нимҳимоятгар ҷалб кардааст.
"Ливерпул" омодааст аз барои ин трансфер 60 миллион евро пардохт кунад.
Ёдовар мешавем, ки мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар 45 бозӣ анҷом дода, 4 гол ва 9 партофти головар дар номаш дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив