LIVE

Номи сармураббии нави “Ливерпул” расман маълум шуд

Сомонаи расмии «Ливерпул» хабар медиҳад, ки Арне Слот бо даста шартномаи сесола имзо кардааст. Расман маълум нест, ки «Ливерпул» барои интиқоли Слот ба «Фейеноорд» чӣ қадар маблағ пардохт кардааст.
Ба ҳайси сармураббии «Ливерпул» -Слот мутахасси олмонӣ Юрген Клоппи афсонавиро иваз мекунад, ки аз октябри соли 2015 дастаро роҳнамои кардa, 10 ҷоиза ба даст овардааст.
Дар мавсими имсола «Фейеноорд» таҳти роҳбарии Слот Ҷоми Нидерландро ба даст оварда, дар Эредивизия ҷои дуюмро ишғол кард ва дар мавсими гузашта онҳо дар Эредивизия пирӯз шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки «Ливерпул» мавсими имсоларо дар Премйер-Лига дар ҷои сеюм ба анҷом расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив