Ҳамлагари мисрӣ Муҳаммад Салоҳ омодааст, ки бо “Ливерпул” тамдиди шартнома кунад. Дар ин бора The Athletic хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, футболбози 32-солаи мисрӣ мехоҳад дар “Ливерпул” бимонад, аммо аз бархӯрди роҳбарияти тим дар музокирот нороҳат аст. Салоҳ омодааст, ки барои як мавсими дигар даста боқӣ монад. Дар ин мавсим, мисрӣ умедвор аст, ки бо “мерсисайдҳо” барои пирӯзӣ дар Премйер-Лига ва Лигаи Чемпионҳо рақобат кунад. Қобили зикр аст, ки Салоҳ аз соли 2017 дар ҳайати “Ливерпул” бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Салоҳ дар мавсими имсола дар ҳайати “Ливерпул” дар чемпионати Англия 13 бозӣ анҷом дода, 11 гол ва 7 партофти головар кардааст.