Тими саудии “Ал-Иттифоқ” , ки сармураббии он Стивен Ҷеррард аст, дар мубориза барои харидории бозигари “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ, ки шартномааш бо “мерсисайдҳо” тобистони соли оянда ба охир мерасад, пешсаф аст. Дар ин бора Caught Offside гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, нисбати футболбози мисрӣ бошгоҳҳои дигари Арабистони Саудӣ – «Ал-Иттиҳод» ва «Ал-Ҳилол» низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Таъкид мешавад, ки “Ал-Иттиҳод” қаблан ба “Ливерпул” барои Салоҳ шартнома ба маблағи 150 миллион фунт (178 миллион евро) пешниҳод карда буд, аммо он рад карда шуд.
Мавсими ҷорӣ Салоҳ 29 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида, 21 гол ва 17 партофти головар ба омор гирифтааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 55 миллион евро аст.