Ҳамлавари "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ пешниҳоди аввал оиди тамдидкунии шартномаро аз ҷониби дастааш дастрас намуд.
Тавре рӯзноманигор Дэвид Орнштейн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, “мерсисайдиҳо” ба футболбози мисрӣ барои имзои созишномаи нав пешниҳоди мушаххас карданд.
Қаблан Муҳаммад Салоҳ гуфта буд, ки “Ливерпул” то ҳол ба ӯ шартномаи тамдидиро пешниҳод накардааст.
Дар мавсими ҷорӣ Салоҳ дар 21 бозӣ ширкат карда, муаллифи 15 гол ва 12 партофти головар шудааст. Мӯҳлати шартномаи феълии Салоҳ бо дастааш то соли 2025 мебошад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 55 миллион евро аст.