LIVE

«Реал Мадрид» нисбати яке аз пешвоёни «Манчестер Сити» чашм дӯхтааст

Бошгоҳи мадридии «Реал» нисбати нимҳимоягари 30-солаи «Манчестер Сити»  Бернарду Силва мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора хабаргузории Defence Central мерасонад.
Ба иттилои манбаъ, аз сабаби он, ки шартномаи футболбози португалӣ бо «Сити» дар охири мавсими 2025/2026 ба охир мерасад, “Лос Бланкос” метавонад ӯро бо нархи дастрас харидорӣ намояд. “Реал Мадрид” бовар дорад, ки Бернарду Силва қодир аст, ки хати нимҳимоятгари дастаро ба таври назаррас таҳким бахшад.
Мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар 40 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, муаллифи 3 гол ва 4 партофти головар шудааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 45 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив