LIVE

“Реал Мадрид” метавонад арзиши Асенсиоро то 500 млн евро зиёд кунад

Бошгоҳи испании “Реал” маоши кории дифоъгари 22-солаи хеш Раул Асенсиоро тибқи шартномаи нав то 9 миллион евро зиёд мекунад. Дар ин бора хабаргузории Defence Central хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Лос-Бланкос инчунин метавонад арзиши харидории футболбози испаниро то 500 миллион евро афзоиш диҳад. Таъкид мешавад, ки абардастаи испанӣ мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд, то "ҳар гуна кӯшиши хариди бозигарро аз дастаҳои Аврупо ва ҳатто Арабистони Саудӣ комилан қатъ кунанд."
Мавсими ҷорӣ Асенсио 40 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо гузаронида, ду партофти головар дорад. Шартномаи кории футболбоз то тобистони соли 2026 баста шудааст. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории Асенсио 30 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив