«Манчестер Юнайтед» эҳтимолан нимҳимоягари барзилии «Реал» Родриго Гоесро харидорӣ мекунад, дар ин бора нашрияи испании Diario SPORT хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ вингери бразилӣ метавонад яке аз ҳадафҳои аввалияи трансферии даста пас аз омадани сармураббии нав Рубен Аморим бошад. Қаблан як қатор манбаъҳои дигар гуфта буданд, ки Родриго аз мақоми худ дар сафи дастаи мадридӣ норозӣ аст.
Мавсими ҷорӣ Родриго 14 бозӣ дар ҳамаи гузаронида, муаллифи 3 гол ва 2 партофти головар шудааст. Мӯҳлати шартномаи ин футболбоз бо мадридиён то соли 2028 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 110 миллион евро аст.