Роҳбарияти бошгоҳи “Бавария Мюнхен” таваҷҷӯҳи хешро нисбати нимҳимоятгари ҳуҷумкори “Манчестер Сити” Филипп Фоден нигарондааст. Бошгоҳи шаҳри Мюнхен аллакай бо намояндагони бозигар тамос гирифтааст. Дар ҳамин ҳол “Манчестер Сити” ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, то Фоденро дар варзишгоҳи Иттиҳод нигоҳ дорад, иттилоъ медиҳад TEAMtalk.
Роҳбарияти бошгоҳи “Манчестер Сити” айни замон музокиротро дар бораи шартномаи нав бо Фоден ба марҳлиаи нав мебарорад. “Манчестер Сити” аз таваҷҷӯҳи “Бавария” огоҳ аст ва бо бовар кунонидани бозингар барои имзои шартномаи нав кӯшиш мекунад, ки аз ин мушкилот пешгирӣ кунад.
Фоден омода аст дар Манчестер боқӣ бимонад, аммо нисбат ба шартномаи кунунии худ шартҳои беҳтареро талаб мекунад. Ба гуфтаи манбаъ роҳбарияти “Сити” эҳтимол дорад, ки барои нигоҳ доштани бозигар дар даста ба ӯ иҷозат диҳад.
Филип Фоден дастпарвари академияи “Манчестер Сити” аст, ки соли 2017 аз дастаи ҷавонони бошгоҳ ба онҳо ҳамроҳ шуд. Ӯ ин мавсим дар ҳайати "Сити" 41 бозӣ анҷом дода, 10 гол ва панҷ партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи Фоден то тобистони соли 2027 эътибор дорад ва арзиши бозорияш тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt 80 миллион евро арзёбӣ мешавад.
