Нимҳимоягари бошгоҳи англисии «Манчестер Сити» Родри таҳти диққатҳои «Реал» қарор гирифтааст. Дар ин бора нашрияи Bild хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ "қаймоқиҳо" нисбати ин бозигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, аммо ӯ нияти ба бошгоҳи дигар гузаштанро надорад.
Ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта нимҳимоятгар ҷароҳати пайвандҳои салибӣ бардошта, дар ҳоли шифоёбӣ қарор дорад. Мавсими имсола нимҳимоятгар дар ҳама мусобиқаҳо се бозӣ анҷом дода, ҳеҷ амали натиҷабахш надорад. Шартномаи кории ин бозигар бо "Манчестер Сити" то тобистони соли 2027 амал мекунад. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози испанӣ 130 миллион евроро ташкил медиҳад.
